Зариф: Эрон оғозгари ҳеч ҷанге нахоҳад буд + видео
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки ҷумҳурии исломӣ оғозгари ҳеч ҷанге нахоҳад буд, гуфт: Агар Эрон мавриди ҳамла қарор гирад, бо ҳамаи тавон аз худ дифоъ хоҳад кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар нишастҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо шабакаи Си Эн Эн афзуд, Эрон борҳо ба Амрико ҳушдор додааст, ки агар ҷангеро оғоз кунад, қатъан хотимаи он бо Амрико нахоҳад буд.
Зариф ҳамчунин бо интиқод аз иқдоми Амрико дар таҳрими Бонки Марказии Эрон гуфт, таҳрим беш аз як ҷанг аст, зеро дар таҳрим ғайринизомиён ҳадаф қарор мегиранд.
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон бо таъкид бар лағви таҳримҳои зиддиэронии давлати кунунии Амрико гуфт, Доналд Трамп ибтидои лағви таҳримҳои доимии Эронро дар конгресси ин кишвар тасвиб ва сипас дар бораи бозрасии ҳамешагӣ аз таъсисоти ҳастаии Эрон аз тариқи бозрасонии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ талош кунад.
Зариф ҳамчунин бо радди иддаоҳои матраҳшуда дар бораи дахолати Эрон дар ҳамла ба таъсисоти нафтии “Арамко” –и Арабистон афзуд, ҳеч санаду шавоҳиде дар ин хусус вуҷуд надорад.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки яманиҳо масъулияти ҳамла ба таъсисоти нафтии “Арамко” –и Арабистонро пазируфтаанд, гуфт, яманиҳо пешрафтатарину печидатарин таслеҳоти низомии Амрикоро шикаст додаанд.
Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон бо баёни ин ки хариди таслеҳоти низомӣ амният намеоварад, гуфт, Арабистон ба ҷойи хариди таслеҳот барои таъмини амнияти худ, бояд илова бар таваққуфи ҳамалот ба Яман, бо ҳамсоягон низ гуфтугӯ кунад.