Сентябр 25, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо давлату миллати Покистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ибрози таассуф аз вуқӯи зилзила дар Покистон, бо давлат, миллат ва қурбониёни ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ кард.

Дар пайи вуқӯи заминларзае ба бузургии 5,8 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (риштер) бисёре аз манотиқи Покистон ларзид.

Ин заминларза то кунун 26 нафар куштаву беш аз 450 нафар захмӣ барҷой гузоштааст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо эъломи маротиби ҳамдардӣ ва таслияти Эрон ба миллату давлати Покистон ва ҳамчунин хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса, барои қурбониён раҳмати илоҳӣ ва барои масдумон шикебоӣ ва шифои оҷил масъалат кард.

Дар ҳамин замина, Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Исломобод омодагии худро барои кумакрасонӣ ба осебдидагони зилзилаи Покистон эълом кард.

 

 

 

Барчасп