Таҳвили 4 фарванд болгарди “Шоҳид” ба Нерӯи заминии Сипоҳи посдорон
Болгардҳои сабуку чобуки эронии “Шоҳид 278” ва “Шоҳид 285” ба Нерӯи заминии сипоҳ таҳвил дода шуд.
Болгардҳои сабуку чобуки эронии “Шоҳид 278” ва “Шоҳид 285” бо ҳузури ҷонишини вазири дифоъ, фармондеҳи Нерӯи заминии Сипоҳи посдорон ва мудири Созмони саноеи ҳавоии Вазорати дифоъ дар ширкати “Ҳисо” - и Исфаҳон ба Нерӯи заминии сипоҳ таҳвил дода шуд.
Ба гузориши равобити умумии Вазорати дифоъ, сардор сартипи посдор Қосими Тақизода, ҷонишини вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳ дар ин маросим бо баёни ин ки маъмурияту фалсафаи вуҷуди Вазорати дифоъ, пуштибонӣ аз Нерӯҳои мусаллаҳ дар тамомии ҳавзаҳои дифоӣ аст, изҳор дошт: Вазорати дифоъ бо амал ба манвиёти фармондеҳи муаззами кулли қуво - ҳазрати имом Хоманаӣ дар соли “Равнақи тавлид” ва дар ростои афзоиши иқтидор, худбоварӣ ва такя бар дониши бумиву азми миллӣ, ҳамзамон бо ҳафтаи дифои муқаддас чаҳор фарванд болгарди “Шоҳид 278 “ ва “Шоҳид 285”, сохти мутахассисони Созмони саноеи ҳавоии Вазорати дифоъро таҳвили нерӯии заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дод.
Ҷонишини вазири дифоъ гуфт. мутахассисону нухбагони эронӣ бо тавваҷуҳ ба таҳримҳои золимона муваффақ шуданд бо мадад гирифтан аз сайиду солори шаҳидон ва дар идомаи роҳи шуҳадои инқилоб дар ҳашт соли дифои муқаддас, ба ин дастоварди бузурги миллӣ даст ёбанд.
Сардор Тақизода бо ташреҳи мушаххасоти ин болгардҳо гуфт: “Болгарди “Шоҳид 278” болгарде 5 нафара бо маъмуриятҳои мутанаввеъ, аз ҷумла гаштӣ, шиносоӣ, таксии ҳавоӣ, ҷобаҷоии фармондеҳон, гуселу пуштибонии нерӯҳои заминӣ, филмбардорӣ, омӯзишӣ ва имдоди ҳавоӣ аст ва болгарди “Шоҳид 285” низ як болгарди як нафара бо маъмурияти омодаи разми наздик буда, ки ҳар ду болгард дар клоси сабк бо истифода аз як платформ мебошанд ва чархаи маҳсулии онҳо шомили тарроҳӣ, тавлиду таъмирот ва нигаҳдории комилан бумӣ ва ба дасти тавонои фарзандони кишвари азизамон Ҷумҳурии исломии Эрон эҷод шудааст”.
Ҷонишини вазири дифоъ тарроҳии бумӣ, афзоиши амалкард нисбат ба болгардҳои мушобеҳ дар дунё, коҳиши ҳазинаи таъмироту нигаҳдорӣ ва бумисозии сомонаҳои механикӣ, ҳидравликӣ, электроникӣ ва баданаи кулли болгардро аз дигар вижагиҳои болгарди “Шоҳид” баршумурд.