Ҳамкории Эрону Афғонистон барои муқобила бо қочоқи кӯдакон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47094-Ҳамкории_Эрону_Афғонистон_барои_муқобила_бо_қочоқи_кӯдакон
Муовинони вазирони додгустарии Эрону Афғонистон бар муқобила бо қочоқи кӯдакон ба унвони як чолиши байналмилалӣ таъкид карданд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Сентябр 28, 2019 12:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрону Афғонистон барои муқобила бо қочоқи кӯдакон

Муовинони вазирони додгустарии Эрону Афғонистон бар муқобила бо қочоқи кӯдакон ба унвони як чолиши байналмилалӣ таъкид карданд.

Маҳмуд Аббосӣ, дабири Марҷаи миллии конвенсиюни ҳуқуқи кӯдак ва муовини ҳуқуқи башару умури байналмилали вазири додгустарии Эрон бо Сайид Муҳаммади Ҳошимӣ, муовини вазири додгустарии Афғонистон дар ҳошияи иҷлоси вазирони додгустарии Созмони Ҳамкории Шанхай дар Чин дар бораи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ байни ду кишвар дидору табодули назар карданд.

Муовини вазири додгустарии Эрон бо ишора ба ташкили гурӯҳҳои созмонёфта дар Афғонистон, ки ба қочоқи кӯдакон мепардозанд, ҳамкории муштараки Эрон, Афғонистон, Покистон ва Туркияро дар ин замина хостор шуд. Аббосӣ ибрози умедворӣ кард, бо бастани мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни кишварҳои ҳамсоя, заминаи муқобилаи ҷиддӣ бо қочоқи кӯдакон фароҳам шавад.

Муовини вазири додгустарии Афғонистон ҳам бо эъломи омодагии ҳамаҷонибаи кишвари матбуаш барои муқобила бо падидаи шуми қочоқи кӯдакон, омӯзиш ба қозиён ва маъмурони иҷроии Афғонистонро хостор шуд, ки мавриди мувофиқати тарафи эронӣ қарор гирифт.