Ризоӣ: Аз Амрико дархости 50 миллиард доллар хисорат мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47142-Ризоӣ_Аз_Амрико_дархости_50_миллиард_доллар_хисорат_мекунем
Дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон таҳримҳои Амрикоро золимона ва нишонаи буғзи ин кишвар нисбат ба Эрон донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 29, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Ризоӣ: Аз Амрико дархости 50 миллиард доллар хисорат мекунем

Дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон таҳримҳои Амрикоро золимона ва нишонаи буғзи ин кишвар нисбат ба Эрон донист.

Мӯҳсини Ризоӣ, дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро золимона донист ва гуфт, ки Амрико ҳатто баъзе таҳримҳоро ду бор анҷом медиҳад, мисли таҳрими Бонки марказии Эрон, ки ин нишондиҳандаи буғзи онон аст.

Вай дар идома афзуд: Хелеҳо мегӯянд Трамп раъй намеоварад дар даври дуввум. Агар касе ҳам мисли Трамп бар сари кор биояд, дубора маълум нест мо ба БАРҶОМ бармегардем. Шароите фаротар аз Барҷом мехоҳем. Амрикоиҳо агар мехоҳанд мо ба БАРҶОМ баргардем, на танҳо худашон бояд баргарданд, ки ҳадди ақал 50 миллиард доллар бояд хисорати таҳримҳо ба мо бидиҳанд.

Ризоӣ гуфт: Назари амрикоиҳо аз таҳрими воридот ва содирот ин буда, то мубодилоти тиҷории Эрон қатъ шавад ва Эрон дар муҳосираи сад дар сад қарор гирад, то худ ба худ инфиҷоре дар дохил эҷод шавад.