Октябр 02, 2019 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Рӯҳонӣ ва Путин дар бораи муҳимтарин масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ

Руасои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Русия дар бораи муҳимтарин масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри сешанбе дар дидори Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия дар ҳошияи иҷлоси сарони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар Ереван, пойтахти Арманистон БАРҶОМ-ро ба унвони улгуи коромаде аз муваффақияи дипломатии чандҷониба барои ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ донист ва таъкид кард: Муваффақияти ин тавофуқ ниёзманди иҷрои комили тааҳҳудоти мутақобил аз сӯи ҳамаи имзокунандагони он аст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи ғарби Осиёро сиёсати қатъии Ҷумҳурии исломии Эрон баршумурд ва гуфт: Амният ва сулҳи пойдор дар Халиҷи Форс, дарёи Уммон ва Тангаи ҳурмуз танҳо бо мушорикати кишварҳои ин минтақа таъмин мешавад.

Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳадафи "Ибтикори сулҳи Ҳурмуз"-ро иртиқои сулҳ, субот, пешрафт ва рифоҳи тамомии сокинони Тангаи Ҳурмуз донист ва афзуд: Ин ибтикор ҳавзаҳои мухталифи ҳамкорӣ, монанди таъмини ҳамагонии амнияти энержӣ, озодии киштиронӣ ва интиқоли озодонаи нафт ва соири манобеи кишварҳои ҳавзаи Тангаи Ҳурмуз ва фаротар аз онро дар бар мегирад.

 

Барчасп