Иҷлоси гардишгарии Созмони ЭКО дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 02 Oct 2019 08:15:23 GMT )
Октябр 02, 2019 13:15 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси гардишгарии Созмони ЭКО дар Тоҷикистон

Шаҳри Хӯҷанд маркази вилояти Суғди Тоҷикистон севвум ва чоруми октябр мизбони иҷлоси гардишгарии Созмони ЭКО аст.

Ба нақл аз Ховар, дар ин иҷлос коршиносони аршади кишварҳои узви Эко дар умури гардишгарӣ, дар бораи масоил ва мушкилоти бахши гардишгарӣ баҳс ва табодули назар мекунанд ва сипас вазирон ва масъулони аршади гардишгарии кишварҳои узв тасмимиоти лозимро хоҳанд гирифт.

Нишасти Хӯҷанд севвумин нишасти Созмони Эко дар ҳавзаи гардишгарӣ аст.

Барномаи таҷдиди нақшаи роҳи Эко дар бораи гардишгарии табиат, интихоби пойтахти гардишгарии ЭКО, гардишгарии саломат ва Эъломияи иҷлоси Хӯҷанд аз мавзӯоти ин иҷлос аст.