Октябр 02, 2019 20:24 Asia/Dushanbe
  • Эрон улгӯи муносибе барои кишварҳои исломӣ аст

Ҷонишини вазири иттилоърасонӣ ва мероси миллӣ, таърихӣ ва адабии Покистон дар дидори сарпарасти Ройзании фарҳангии Эрон дар Исломобод гуфт, Эрон улгӯи муносибе барои кишварҳои исломӣ аст.

Надим Шафиқ Малик дар ин дидор гуфт, Покистон ва Эрон ду кишвари ҳамсоя ва мусулмон бо иштирокоти фарҳангӣ, таърихӣ ва адабиву забонӣ мебошанд. Аз ин рӯ тақвияти равобит ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа табодулҳои ҳайатҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабӣ байни ду кишвар мавриди интизори бештаре мебошад.

Шафиқ Малик гуфт, муқовимат ва истиқомати миллати Эрон дар баробари зиёдахоҳии Ғарб сутуданӣ аст ва улгӯи муносибе барои кишварҳои исломӣ хоҳад буд.

Надим Шафиқ Малик бар лузуми густариши равобити дуҷониба ва тарвиҷи ҳамкорӣ ва таомулоти фарҳангӣ, ҳунарӣ, омӯзишӣ ва адабӣ байни ду кишвари Эрон ва Покистон таъкид кард ва хостори эҷоди утоқи мутолеоти Эрон дар Китобхонаи миллии кишвараш шуд ва изҳори умедворӣ кард, ки ба зудӣ утоқи мутолеоти Эрон дар Китобхонаи миллии Исломобод кушоиш меёбад то пажӯҳишгарон ва асҳоби илму ҳунар битавонанд бо фарҳангу тамаддуни Эрон ошно бишаванд.

Шафиқ Малик афзуд: “Мо низ хосторем то санади мубодилоти фарҳангии Эрон ва Покистон иҷро шавад ва табодули ҳайатҳои мухталифи фарҳангӣ ва ҳунарӣ, эъзоми ҳунармандони хушнавис, наққошӣ ва мусиқӣ, барпоии намоишгоҳи саноеи дастӣ, намоишгоҳи китоби муштарак ва Ҳафтаи Филм байни ду кишвар сурат пазирад.

Муҳаммадризо Коко, сарпарасти ройзании фарҳангии Эрон низ изҳор дошт, равобити амиқ ва деринае байни ду кишвари Эрон ва Покистон вуҷуд дорад ва бар ҳамин асос фаъолиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ шакл гирифтааст. Ҳар ду кишвар аз зарфияти хубе дар ҳавзаи фарҳангу ҳунар бархурдор мебошанд.

 

Барчасп