Октябр 03, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои тарроҳи таҳримҳои Эрон дар Вазорати хазонадории Амрико

Рузномаи «The Wall Street Journal» хабар дод, Сигал Манделкер, тарроҳи таҳримҳои Эрон дар Вазорати хазонадории Амрико зарфи чанд ҳафтаи оянда ба кори худ дар давлати Доналд Трамп поён медиҳад.

Ба гузориши Форс, расонаи амрикоӣ хабар дод, ки муовини вазири хазонадории Амрико дар умури иттилооти молӣ, ки аз ӯ ба унвони тарроҳи таҳримҳои Эрон дар давлати Трамп ном бурда мешавад, тайи чанд ҳафтаи оянда аз симмати худ канор меравад.

Мақомҳои Вазорати хазонадории Амрико ба ин рӯзнома гуфтанд, Сигал Манделкер тайи чанд ҳафтаи оянда аз симмати худ истеъфо мекунад ва пас аз он дар бахши хусусӣ фаъолият хоҳад кард.

Манделкер, ки аз ӯ ба унвони тарроҳи таҳримҳо дар Вазорати хазонадории Амрико ёд мешавад, беш аз як сол аст, ки ба унвони муовини вазири хазонадорӣ дар умури терроризм ва иттилооти молӣ фаъолият кардааст.

Сигал Манделкер, ки мутаваллиди Фаластини ишғолӣ аст, дар соли 2017 тавассути Трамп, раиси дафтари мубориза бо терроризм ва иттилооти молии Амрико шуд ва раёсати утоқи ҷанги иқтисодии Амрикои алайҳи Эрон ва тарроҳи аслии таҳримҳо дар давлати Трампро бар ӯҳда гирифт. Вай ба дунболи оғоз ба кори худ дар давлати Трамп, сафарҳои мутааддиде ба кишварҳои мухталиф ба манзури эҷоди иҷмои таҳримӣ алайҳи Эрон анҷом дод.

Муовини Стив Манучин, вазири хазонадории Амрико пеш аз ин дар тавзеҳи мавозеи зидди эронии давлати ин кишвар гуфта буд:« роҳбурди мо (алайҳи Эрон) фаротар аз БарҶом аст ва мавориде чун ҳимоят аз терроризм, тавсеаи мушакҳои болистик ва ҳуқуқи башарро шомил ме‌шавад».