Октябр 05, 2019 12:38 Asia/Dushanbe
  • Имзои чандин санади ҳамкорӣ байни мақомоти Эрон ва Туркманистон

Эрон ва Туркманистон чандин санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Понздаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Туркманистон бо имзои чандин санад дар мавриди ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар баргузор шуд.

Хабаргузории ИРНА бо таваҷҷуҳ ба баргузории понздаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Туркманистон навишт: Ду кишвари осиёӣ ба дунболи афзоиши ҳамкориҳои тарафайн дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, роҳу ҷода ва ҳамлу нақл ҳастанд.

Ба иттилои манбаъ, ду кишвари осиёӣ ба дунболи афзоиши ҳамкориҳои тарафайн дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, роҳу ҷода ва ҳамлунақл ҳастанд. Дар понздаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Туркманистон, ки дар шаҳри Ишқобод баргузор шуд, гурӯҳи васее аз мавзӯҳои марбут ба ҳамлу нақл, иртиботот аз роҳи дур, иқтисод ва тиҷорат, сӯхт ва энержӣ, саноеъ ва маодин ва илму фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ду тараф дар мавриди роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар ин заминаҳо гуфтугӯ карданд.

Шаҳроми Одамнажод, муовини ҳамлу нақли вазири роҳу шаҳрсозӣ раёсати ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нишастро бар ӯҳда дошт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар таърихи 28 сентябр (шашуми меҳрмоҳ) ба муносибати рӯзи истиқлоли Туркманистон, дар паёме ба Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури ин кишвар гуфт, таърихи равобити ду кишвар ҳамеша бар пояи дӯстӣ, ҳамсоягии хуб ва эҳтироми мутақобил бино шудааст. Муътақидам, ки дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф рӯз ба рӯз тавсеа меёбад.Эрон севумин шарики муҳими тиҷорати хориҷии Туркманистон буда ва ҳамкориҳои ду кишвар умдатан рӯйи бахши ҳамлу нақл ва транзит, сохти ҷода ва тавлиди барқу газ тамаркуз ёфтааст.