Вуруди беш аз 32 ҳазор зоири ҳусейнии покистонӣ ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47314-Вуруди_беш_аз_32_ҳазор_зоири_ҳусейнии_покистонӣ_ба_Эрон
Беш аз 32 ҳазор зоири Имом Ҳусейн (а) аз кишвари Покистон аз ибтидои муҳаррам (аввали сентябр) то кунун барои сафар ба Карбало аз марзҳои ҷануби шарқии Эрон ба ин кишвар ворид шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 05, 2019 16:49 Asia/Dushanbe
  • Вуруди беш аз 32 ҳазор зоири ҳусейнии покистонӣ ба Эрон

Беш аз 32 ҳазор зоири Имом Ҳусейн (а) аз кишвари Покистон аз ибтидои муҳаррам (аввали сентябр) то кунун барои сафар ба Карбало аз марзҳои ҷануби шарқии Эрон ба ин кишвар ворид шудаанд.

Дар ин иртибот шаби гузашта 4607 зоири покистонӣ аз тариқи марзи Мирҷова вориди устони Систон ва Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон шуданд.

Беш аз 65 ҳазор зоири покистонӣ низ соли гузашта бо вуруд ба Эрон аз марзҳои ҷануби шарқӣ ва гузар аз ин кишвар ба Карбало мушарраф шуданд, ки имсол пешбинӣ мешавад ин рақам ба ҳудуди 80 ҳазор зоир бирасад.

Устони Сиситон ва Балучистон танҳо роҳи иртиботии Покистон ба ҳавзаи Осиёи Марказӣ, Аврупо ва низ кишвари Ироқ аст.

20-уми сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ (19-уми октябри 2019) "Арбаин" шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусейн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбалост ва миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими "Арбаин"-и ҳусейнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.