Октябр 05, 2019 20:59 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи як бонуи итолиёӣ ба дини ислом дар Машҳади муқаддас

Як бонуи итолиёӣ дар Машҳади муқаддас (шимоли шарқи Эрон) ба дини мубин ислом мушарраф шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Кияра Костелла, бонуи 20-солаи аҳли кишвари Италия дар шаҳри Машҳади муқаддас бо адои шаҳодатайн мусалмон шуд.

Ин бонуи тозамусалмон дар Италия бо афғониҳо ошно шуда ва пас аз ин ошноӣ ва касби огоҳии бештар тасмим гирифтааст ба дини мубини ислом мушарраф шавад.

Ин бонуи итолиёӣ бо ифтихор эълом кардааст, ки ислом беҳтарин масир барои зиндагӣ аст ва ба унвони як зан дар сояи ин дин ва ҳиҷоби исломӣ амнияти бештаре хоҳад дошт.

 

Барчасп