Октябр 06, 2019 12:51 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии коркунони бурунмарзии Садо ва симо дар муқобила бо ҷанги нарм

Дуввумин гиромидошти талоядорони муқобила бо ҷанги нарм бо ҳузур ва таҷлил аз шабакаҳои муовинати бурунмарзии Садо ва симо имрӯз бо ҳузури риёсати Созмони Садо ва симо асҳоби расона ва мақомоти лашкарӣ ва кишварии Эрон дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ба нақл аз Порс Тудэй, дар маросими таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии хонаводаи муовинати бурунмарзии Садо ва симо дар хати муқаддами муқобила бо ҷанги нарм аз дастандаркорони бахшҳои мухталиф ва низ хабарнигорони шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии муовинати бурунмарзӣ ба вижа хабарнигорони минтақаҳои ҷангӣ ва дигар ҳамкорон дар қисматҳои мухталифи хабарӣ таҷлил хоҳад шуд.

Ҳамчунин бахши накудошти Марзия Ҳошимӣ хабарнигор, баранда ва мустанадсози барҷастаи шабакаи ПрессТВ, ки зимистони гузашта бидуни ҳаргуна иттиҳоме тавассути полиси Амрико дастгир ва дар зиндоне дар Вашингтон ДС ҳабс шуд аз бахшҳои муҳими ин маросим хоҳад буд.