Зариф: иртибот бо ҳамсоягон авлавияти нахусти Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47330-Зариф_иртибот_бо_ҳамсоягон_авлавияти_нахусти_Эрон_аст
Вазири умури хориҷаи Эрон густариши равобит бо ҳамсоягонро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурии исломӣ унвон кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 06, 2019 11:24 Asia/Dushanbe
  • Зариф: иртибот бо ҳамсоягон авлавияти нахусти Эрон аст

Вазири умури хориҷаи Эрон густариши равобит бо ҳамсоягонро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурии исломӣ унвон кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи намояндагони Маҷлиси Шурои исломӣ дар Теҳрон гуфт, равобити Эрон бо кишварҳои Афғонистон ва Покистон, Русия, Туркия ва Қатар токунун ба ин хубӣ набудааст.

Зариф равобити Эрон бо Афғонистон ва Покистонро як робитаи роҳбурдӣ донист ва афзуд, Эрон дар минтақа ба ҳеҷ кишваре иҷоза намедиҳад, ки террористҳо аз хоки он барои таъмини манофеи худ истифода кунанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба вазъияти дохилии Афғонистон гуфт, Эрон хоҳони барқарории сулҳ бо ҳузури ҳамаи тарафҳои афғонистонӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба озодии ду шаҳрванди эронӣ, ки ба иттиҳоми беасос дар хориҷ аз кишвар зиндонӣ шуда буданд аз озодии нафари севвум хабар дод.

Ризо Деҳбошӣ донишҷӯи мақтаи докторо дар донишгоҳи Квинсленди Австралия, ки 13 моҳи пеш ба иттиҳоми беасоси талош барои кумак ба сомонаи дифоии Эрон боздошт шуда буд, саранҷом бо пайгирии дастгоҳи сиёсати хориҷии ин кишвар озод шуд ва аз тариқи фурудгоҳи байналмиллалии имом Хумайнӣ (раҳ) ба Теҳрон бозгашт.

Нигори Қудси Канӣ шаҳрванди 40 солаи эронӣ низ, ки дар соли 2017 ба баҳонаи поймолсозии таҳримҳои Амрико зидди Эрон дар Австралия боздошт ва баъд аз ду сол ба Амрико мунтақил шуда буд чанде пеш бо ҳукми додгоҳе дар иёлати Миннесота аз зиндон озод шуд.