Октябр 06, 2019 18:44 Asia/Dushanbe
  • Алии Аскарӣ: Эрон қудрати бузург ва биломунозеи минтақа аст

Раиси Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки қудрати Амрико дар ҳоли уфул ва фурӯпошӣ аст гуфт: Эрон қудрати бузург ва биломунозеи минтақа аст.

Ба гузориши Iran Press, Абдулалӣ Алии Аскарӣ, раиси Созмони Садо ва Симои Эрон рӯзи якшанбе дар маросими таҷлил аз муҷоҳитдатҳои расонаии Муовнати бурунмарзии Созмони  Садо ва Симои Эрон дар Теҳрон, бо гиромидошти шуҳадои расона афзуд: Аврупоиҳо дастнишондаи амрикоиҳо ҳастанд ва аз тамоми сиёсатҳои шайтонии Амрико табаият мекунанд.

Алии Аскарӣ хитоб ба хабарнигорон ва мудирони Муовинати бурунмарзии Созмони Садо ва Симои Эрон таъкид кард: Бояд воқеиятҳо, ҳаҷмаҳои расонаии душман, ҳамоса ва қаҳрамониҳои ҷараёни муқовимат ва қудрати Ҷумҳурии исломии Эронро барои ҷаҳониён ривоят кунед.

Маросими таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии Муовинати бурунмарзии Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузури шуморе аз мақомоти лашкарӣ ва кишварӣ, имрӯз (якшанбе) дар маркази ҳамоишҳои Садо ва Симо баргузор шуд.

 

 

Барчасп