Октябр 06, 2019 21:05 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 5200 зоири хориҷии

5200 зоири "Арбаин"-и ҳусейнӣ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва Гурҷистон аз марзи Осторо вориди Эрон шуданд.

Ҳасани Рустамзод, фармондори Осторо, шимоли Эрон бо баёни ин, ки то рӯзи гузашта (шанбе) 1500 зоири хориҷии "Арбаин" аз марзи Осторо вориди Эрон шуда буданд, афзуд: Имрӯз низ 3700 зоир бо 80 дастгоҳ автобус, 7 дастгоҳ минибус ва 25 саворӣ вориди Осторо шуданд ва баъд аз иқомати муваққат ва азодорӣ дар мӯкабҳои поёнаи марзӣ, роҳии Карбалои муалло шуданд.

Пас аз ин Ҷамшеди Маҳдавӣ, масъули Кумитаи истиқболи Ситоди "Арбаин"-и шаҳристони марзии бандари Осторо бо баёни ин, ки дар соли гузашта 12 ҳазор нафар зоири хориҷӣ аз марзи Осторо ба Эрон ворид шуда буданд, пешбинӣ кард, дар соли ҷорӣ теъдоди онҳо ба 15 нафар бирасад.

Шаҳристони марзии бандари Осторо севвумин марзи пуртараддуди Эрон аст ва солона наздик ба 800 ҳазор мусофири дохилӣ ва хориҷӣ аз марзи он тараддуд мекунанд.

 

Барчасп