Қадрдонии Мавлавӣ Абдулҳамид аз баёноти ахири Раҳбари муаззами инқилоб
(last modified Sun, 25 Sep 2016 07:24:09 GMT )
Сентябр 25, 2016 12:24 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Мавлавӣ Абдулҳамид аз баёноти ахири Раҳбари муаззами инқилоб

Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон, баёноти ахири Раҳбари муаззами инқилоб дар рӯзи иди Ғадирро мӯҷиби хушҳолии мардум ва таъсиргузор бар ваҳдати ҷаҳони Ислом донист.

Ба гузориши рӯзномаи Ҷумҳурии Исломӣ, Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон, гуфт, суханони бисёр арзишманди ахири Раҳбари муаззами Инқилоб дар дохил ва хориҷи кишвар таъсир ва бозтоби фаровон дошт ва сабаби хушҳолии мардум шуд ва бар ваҳдати ҷаҳони Ислом бавижа инсиҷоми шиа ва суннӣ бисёр таъсиргузор будааст.

Мавлавӣ Абдулҳамид афзуд, Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар суханонашон фармуданд: "Эҳсосоти аҳли суннатро таҳрик накунед", мо низ мутақобилан ҳамин эътиқодро дорем, ки набояд эҳсосоти ҳеҷ як аз фирқаҳои исломӣ аз ҷумла шиаро таҳрик кунем.

Вай идома дод, эътидол, бародарӣ ва ваҳдате, ки имрӯз дар кишвар ҳоким аст барои мо ва тамоми миллати Эрон арзишманд аст.

Дар баробари ифротгароӣ истодаем

Мавлавӣ Абдулҳамид хотирнишон кард, банда ба сароҳат эълом мекунам ва ҳамаи мо бар ин воқифем, ки имрӯза душманони Ислом, ки дар байни кишварҳои исломӣ бавижа Ховари Миёна тафриқа эҷод карданд ва талош мекунанд байни мазоҳиби исломӣ тафриқа биндозанд, дар Эрони исломӣ муваффақ набуданд.

Вай таъкид кард, душманони Ислом аз ҷумла истикбори ҷаҳонӣ дар Эрон ноком монданд ва мо ҳамвора ба андозаи тавоноии худамон дар муқобили ифротгароӣ ва тундравӣ истодаем ва хоҳем истод.