Пешниҳоди Садо ва Симои Эрон барои тақвияти ҳамкории расонаии кишварҳои ЭКО
Муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз пешниҳоди ин созмон барои тақвияти ҳамкориҳои расонаӣ ва фаъолиятҳои фарҳангӣ байни кишварҳои узви ЭКО хабар дод.
Ба гузориши “Порс Тудей”, Паймони Ҷабалӣ зарфияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодии ЭКО дар заминаҳои мухталифро бисёр густурда донист ва афзуд, агар ин зарфият бар асоси ҳамкориҳои фарҳангӣ тақвият шавад, хидмати бузурге ба миллатҳои минтақа аст.
Ҷабалӣ бо ишора ба таблиғоти густурда алайҳи Ислом дар ҷаҳон ва минтақа гуфт, аз он ҷо, ки бахши аъзами ҷамъияти кишварҳои узви ЭКО мусулмон ҳастанд, ҳамкории фарҳангии ин кишварҳо метавонад дар муқобила бо Исломҳаросӣ муассир бошад.
Нишасти муштараки муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафирони кишварҳои узви ЭКО имрӯз, сешанбе дар Теҳрон баргузор шуд.
Иҷлоси руасои радио ва телевизионҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) бо унвони “Экому” қарор аст дувум ва севуми ноябр дар шаҳри Ромсар, дар шимоли Эрон баргузор шавад.
Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон 10 узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ҳастанд.