Посухи Зариф ба дархости валиаҳди саудӣ барои рафъи таниш бо Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47396-Посухи_Зариф_ба_дархости_валиаҳди_саудӣ_барои_рафъи_таниш_бо_Эрон
Вазири хориҷаи Эрон гуфт, агар саудиҳо масоили минтақаро пойи мизи музокира ва на бо куштани мардум дунбол кунанд, ҷумҳурии исломиро ҳамроҳи худ хоҳанд дошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 08, 2019 15:39 Asia/Dushanbe
  • Посухи Зариф ба дархости валиаҳди саудӣ барои рафъи таниш бо Эрон

Вазири хориҷаи Эрон гуфт, агар саудиҳо масоили минтақаро пойи мизи музокира ва на бо куштани мардум дунбол кунанд, ҷумҳурии исломиро ҳамроҳи худ хоҳанд дошт.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба дархости Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ аз Ироқ ва Покистон барои миёнҷигарӣ бо Эрон гуфт, Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамвора омодаи ҳамкорӣ бо ҳамсоягони худ барои амнияти минтақа аст ва мо ин мавзеъро ба таври расмӣ низ эълом кардаем.

Зариф афзуд, раисҷумҳури Эрон дар ҳамин иртибот тарҳи “Эътилофи умед” ва “Сулҳи Ҳурмуз”- ро дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард.

Бар асоси гузориши рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс”, мақомоти ироқӣ ва покистонӣ дар ҳафтаҳои ахир ва пас аз ҳамлаи Яман ба таъсисоти нафтии Арабистон эълом карданд, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон аз сарони Ироқ ва Покистон хостааст то бо ҳамтоёни эронии худ дар бораи танишзудоӣ гуфтугӯ кунанд.