Октябр 09, 2019 14:59 Asia/Dushanbe
  • Намоиши Салмони Форсӣ дар Садои Хуросон

Радиои тоҷикии Садои Хуросон дар назар дорад бо ҳадафи муаррифӣ ва бузургдошти Салмони Форсӣ, саҳобаи эронии паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад (с), намоиши панҷқисматӣ бо номи "Рӯзбеҳ"-ро пахш кунад.

Ин намоиш дар панҷ қисмати 23-дақиқаӣ таҳия шуда, ки пахши он аз сешанбе 8-уми октябр оғоз шудааст ва ба муддати 5 ҳафта (ба сурати ҳафтагӣ) идома дорад.

Ин намоиш рӯзҳои чоршанбе аз Садои Хуросон бозпахш ва дар сайти форсӣ ва сириллики радиои тоҷикӣ низ боргузорӣ мешавад.

Салмони Форсӣ, ки пеш аз мусалмон шудан "Рӯзбеҳ" ном дошт, саҳобаи эронӣ буд, ки паёмбари ислом ӯро аз аҳли байти худ хонд ва бар ин асос ба Салмони Муҳаммадӣ шӯҳрат ёфт.

Дар рӯзе, ки Қурайш нерӯҳояшро наздики Мадина гирд овард, то бар мусалмонон ҳамла барад, (Ғазваи Хандақ) ӯ пешниҳод кард, то хандақе жарф перомуни Мадина бикананд ва аз он посбонӣ шавад, ки иҷрои  ҳамин пешниҳоди ӯ сабаб шуд, ки мусалмонон дар Ғазваи Хандақ пирӯз шаванд.