Зариф: амният дар Халиҷи Форс қобили таҷзия нест
(last modified Thu, 10 Oct 2019 07:07:42 GMT )
Октябр 10, 2019 12:07 Asia/Dushanbe
  • Зариф: амният дар Халиҷи Форс қобили таҷзия нест

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, амният дар Халиҷи Форс қобили таҷзия ва тафкик нест ё ҳама аз амният дар ин минтақа баҳра мебаранд ё ҳама аз он маҳрум мешаванд.

Зариф дар мақолае дар рӯзномаи Алраъй-и Кувейт зимни ташреҳи ибтикори Сулҳи Ҳурмуз навишт, амният дар Халиҷи Форс қобили таҷзия ва тафкик нест ё ҳама аз амният дар ин минтақа баҳра мебаранд ё ҳама аз он маҳрум мешаванд.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводии Зариф дар ин мақола бо баёни ин ки минтақаи Халиҷи Форс аҳамияте роҳбурдӣ дар тиҷорати байналмиллал ва энержӣ дорад хотирнишон кард,барои кишварҳои минтақа, амният ва субот бо ҳадафи тазмини дастрасӣ ба бозорҳои байналмиллалӣ зарурате инкорнопазир аст.

Зариф афзуд, қарнҳо аст, ки амнияти минтақаро кишварҳои минтақа таъмин мекунанд ва он бидуни ҳамкорӣ ва таомул имконпазир нест.

Вазири умурри хориҷаи Эрон дар ин мақола ба харидҳои таслиҳотии ҳангуфт ва паймонҳои низомии бархе аз кишварҳои минтақа бо қудратҳои хориҷӣ ишора кард ва изҳор дошт, амният аз тариқи харидҳои таслиҳотӣ ва паймонҳои низомӣ бо қудратҳои хориҷӣ, ки бо мудохилаҳои пай дар пай ва ҳимоят аз режими саҳюнистӣ бештарин таҳдидро мутаваҷҷеҳи амнияти минтақа кардаанд ҳосил намешавад.

Зариф хитоб ба кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс тасреҳ кард амният дар гирави эътимод ва такия ба мардум ва тавонмандиҳои миллӣ ва тақвияти иртиботот ҳусни ҳамҷаворӣ бо дигар кишварҳои минтақааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ба ироаи ибтикори Сулҳи Ҳурмуз аз сӯи раиси ҷумҳури Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ишора кард ва гуфт, ибтикори Сулҳи Ҳурмуз бо мушорикати ҳашт кишвари вобаста ба он шомили Арабистон, Ироқ, Уммон, Иморот, Кувейт, Қатар, Баҳрайн ва Ҷумҳурии исломии Эрон аз зарфияти лозим ва кофӣ барои таҳаққуқи амнияти фарогир дар минтақа аз тариқи гуфтумони дарунминтақаӣ бархурдор аст.

Зариф бо баёни ин ки ин тарҳ бар усуле чун тааҳуд ба ҳадафҳо ва усули Миллали Муттаҳид, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзӣ, хадшанопазирии марзҳои байналмиллалӣ, ҳаллу фасли мусолиматомези тамомии ихтилофот, ради таҳдид ё тавассул ба зур ва ё мушорикат дар ҳаргуна эътилоф ё паймони низомӣ алайҳи якдигар ва адами мудохила дар умури дохилӣ ва равобити хориҷии якдигар устувор аст хотирнишон кард, муваффақияти ҳар тарҳе ниёзманди мушорикати тамомии аъзо ва эътимоди мутақобил аст.