Наҳовандён: Амрико ҳамчунон таҳримҳои зиддиэрониро ҳифз кардааст
Раиси дафтари раисҷумҳури Эрон гуфт, Теҳрон нисбат ба кундиҳо ва саҳлангории Ҳукумати Амрико дар иҷрои БАРҶОМ эътироз кардааст.
Муҳаммади Наҳовандиён, раиси дафтари раисҷумҳури Эрон шаби шанбе дар барномаи "Нигоҳи як"-и "Шабака аввал"-и Эрон бо баёни ин ки бар асоси матни БАРҶОМ, дар пайи рафъи таҳримҳои ҳастаӣ бояд равобити иқтисодӣ бо Эрон оддӣ карда шавад, афзуд, Амрико таҳримҳои аввалия ва якҷонибаи худро ҳамчунон нигаҳ доштааст.
Раиси дафтари раисҷумҳури Эрон дар айни ҳол гуфт, бонкҳои хурду миёна дар бисёре аз кишварҳо ҳам барои воридот ва ҳам содирот ба Эрон ҳисобҳои қарзӣ (LC) боз мекунанд ва содироти ғайринафтии Эрон афзоиш ёфтааст. Ӯ афзуд, дар 8 моҳи пас аз БАРҶОМ беш аз як миллион бушка ба тавлиди нафти Эрон изофа шуд, мушкили фурӯш нест ва дар робита бо бимаи киштиронӣ ҳам мушкиле вуҷуд надорад; таҳримҳои муртабит ба ҳастаӣ бардошта шуд, аммо ин ки шароит ба гунае шуда бошад, ки бонкҳои бузург бидуни нигаронӣ аз таҳримҳои аввалия ва якҷонибаи Амрико сарфи назар кунанд, он суръати матлуб ҳосил нашуда, ки ҳамин мавзӯъ сабаби эътирози Эрон шудааст.
Наҳовандиён бо ишора ба ин ки иқтисоди Эрон ба унвони муваффақтарин иқтисод дар бархӯрд бо чолиши уфти қимати нафт буда, гуфт, ин дар ҳолест, ки ин чолиш дигар кишварҳои тавлидкунандаи нафтро бо мушкилоте монанди афзоиши таваррум мувоҷеҳ кард, аммо таварруми Эрон коҳиш ва мизони рушди иқтисодӣ боло рафтааст.