Эрон шарорат дар оброҳҳои байналмиллалиро бе посух намегузорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47514-Эрон_шарорат_дар_оброҳҳои_байналмиллалиро_бе_посух_намегузорад
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар вокуниш ба ҳадаф қарор гирифтани як нафткаши эронӣ дар дарёи Сурх таъкид кард; роҳзании дарёӣ ва шарорат дар оброҳҳои байналмиллалӣ бепосух нахоҳад монд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 13, 2019 11:03 Asia/Dushanbe
  • Эрон шарорат дар оброҳҳои байналмиллалиро бе посух намегузорад

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар вокуниш ба ҳадаф қарор гирифтани як нафткаши эронӣ дар дарёи Сурх таъкид кард; роҳзании дарёӣ ва шарорат дар оброҳҳои байналмиллалӣ бепосух нахоҳад монд.

Ба нақл аз Парс Ту Дей, Алии Шамхонӣ бо баёни ин,ки ин иқдомот бо ҳадафи ноамнсозии рафт ва омади шиноварҳои тиҷорӣ анҷом мешавад афзуд; бо баррасии тасвирҳои видиоии мавҷуд ва шоҳидҳои иттилоотии ҷамоваришуда, сарнахҳои аслии ин моҷароҷуии хатарнок ба даст омадааст.

 Шамхонӣ тасриҳ кард; кумитаи вижаи баррасии мавзуи ҳамла ба нафткаши собите,ки наздики соҳилҳои Арабистон дар дарёи Сурх ҳадафи ду мушак қарор гирифт низ ташкил шудааст ва гузориши он ба зуди барои тасмимгири ба мароҷеъи масул ироа мешавад.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин бо ишора ба иқдомҳои вайронкоронаи моҳҳои ахир зиди нафткашҳои эронӣ Happiness Ҳапинес ва HELM Ҳилм дар дарёи Сурх гуфт; ноамнсозии оброҳҳои байналмиллалӣ,хатарҳои нигаронкунандаеро барои иқтисоди ҷаҳонӣ дар пай хоҳад дошт.

Шамхонӣ таъкид кард; масулияти оқибатҳои иқдомҳои таҳрикомез, мутаваҷеҳи барномарезон, муҷриён ва пуштибоникунандагони он хоҳад буд.

Нафткаши эронии SABITY Сабитий субҳи ҷумъа аз макони наздик ба каридори убурии ин нафткаш аз шарқи дарёи Сурх, дубор ва ба фосилаи ҳудуди ним соат ҳадаф қарор гирифт ва осеб дид.