Сентябр 25, 2016 17:25 Asia/Dushanbe
  • Сууди торихии футсоли Эрон ба ҷамъи 4 тими бартари ҷаҳон

Тими футсоли Эрон бо пирӯзии 4 бар 3 баробари тими Парагвай, пас аз 24 сол ба ҷамъи чаҳор тими бартар пайваст ва ба марҳилаи ниманиҳоии мусобиқоти ҷаҳонии ин ришта расид.

Миллипӯшони футсоли Эрон бомдоди якшанбе ва дар марҳилаи якчаҳоруми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футсоли ҷаҳон, ки дар Колумбия баргузор мешавад, бомдоди якшанбе бо ироаи як бозии тамошоӣ муқобили тими Парагвай, зимни касби пирӯзии чаҳор бар се муқобили ин тим, пас аз 24 сол ба ҷамъи чаҳор тими бартари ҷаҳон дар ин ришта роҳ ёфтанд.

Ба ин тартиб, тими Эрон, ки пештар тимҳои пурқудрате ҳамчун Бразилия, мудофеи унвони қаҳрамониро аз пеширӯ бардошта буд, бояд дар марҳилаи ниманиҳоӣ ба масофи тими миллии Русия биравад. Русия бомдоди якшанбе бо натиҷаи 6 бар 2 аз садди Испания, ноиби қаҳрамони давраи гузашта убур кард.