Октябр 14, 2019 20:38 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби “Инсони 250 сола” - и Раҳбари инқилоб дар Таиланд

Китоби “Инсони 250 сола”, асари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ - ҳазрати оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба забони таиландӣ дар Бангкок мунташир шуд.

Маҳдии Ҳасанхонӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Бангкок бо эъломи ин хабар гуфт, ин китоб ба василаи Абдуллоҳ Маноҷит, аз андешамандон ва муаллифони бособиқаи Таиланд, дар ду қисмат тарҷума ва дар ҳоли ҳозир ҷилди нахусти он дар шуморагони як ҳазор нусха аз сӯи интишороти “Вақоеъ” –и ин кишвар мунташир шудааст ва дар намоишгоҳи китоби Бангкок дар маърази диди алоқамандон қарор гирифт.

Ба гузориши ИКНА, Абдуллоҳ Маноҷит пеш аз ин низ китоби “Чиҳил ҳадис”-и ҳазрати Имом (раҳ) - ро тарҷума карда, ки аз сӯи ҳамин ношир мунташир ва ахиран ба чопи севум расидааст.

Гуфтанӣ аст, ки Ҳасанхонӣ, ки ҳафтаи гузашта дар маросими кушоиши намоишгоҳи китоби Бангкок ширкат дошт, тайи дидор бо ноширони мусулмон аз ғурфаи ин ношир низ боздид ва дар ин иртибот ба гуфтугӯ пардохт.

Ин китоб, ки аз забони англисӣ ба таиландӣ тарҷума шудааст, бо таъхири чандрӯза дар намоишгоҳи китоби Бангкок арза шуд.

“Инсони 250 сола” китобе шомил маҷмӯаи баёноти Раҳбари инқилоб дар бораи зиндагии сиёсӣ ва муборизоти имомони шиа аст. Матолиби китоб аз миёни суханони Раҳбари Эрон дар бозаи урдибиҳишти 1359 то исфанди 1389 интихоб шудааст.

 

 

 

Барчасп