Октябр 14, 2019 21:44 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори нахуствазири Покистон

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муазами инқилоби исломӣ дар дидори Умрон Хон, нахуствазири Покистон ва ҳайати ҳамроҳ равобити Эрон ва Покистонро бисёр амиқ ва мардумӣ донистанд.

Эшон дар ин дидор, ки асри якшанбе баргузор шуд, бо таҳсини дағдағаи давлати Покистон дар хусуси истиқрори сулҳу амният, минтақаи ғарби Осиёро бисёр ҳассос ва хатир хонданд ва бо таъкид бар муроқибати ҳамагон аз бурӯзи ҳодиса, аз нақши мухарриби бархе кишварҳои минтақа дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия ва эҷоди ҷанг ва хунрезӣ дар Яман ибрози таассуф карданд.

Нигоҳе ба воқеаҳои чанд соли ахир дар минтақа ва ҷиноятҳои ДОИШ ва террористҳои таҳти ҳимояти Амрико, Арабистон ва режими саҳюнистӣ, ҳамчунин ҷанги золимона алайҳи Яман нишон медиҳад, ки ноамнӣ ва ҷангафрӯзӣ ҳосиле ҷуз вайронӣ, куштори занон ва кӯдакон ва оворагиву хисоратҳо барои миллатҳои минтақа надоштааст. Поёни ин ноамниҳо аммо ба иродаи тарафҳое бастагӣ дорад, ки ба ин танишҳо доман мезананд ва бо ҷангҳои ниёбатӣ ва бӯҳронсозӣ, бистари мудохилоти бегонагонро дар минтақа фароҳам кардаанд.

Эрон ва Покистон мӯътақиданд, масоили минтақа бояд аз тариқи гуфтугӯ байни кишварҳо ҳаллу фасл шавад. Умрон Хон бо таъкид бар ин нукта, яке аз аҳдофи сафараш ба Теҳронро гуфтугӯ барои коҳиши таниш дар минтақа эълом кард. Ҷумҳурии исломии Эрон мӯътақид ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва талош барои ҳифзи субот ва амнияти ҷамъӣ дар минтақа бо мушорикати ҳамаи ҳамсоягон аст ва дар ин замина тарҳҳоеро низ дар хусуси  амнияти минтақаи Халиҷи Форс ва ҳамчунин поёни ҷанги Яман ироа кардааст.  Ин тарҳ чор марҳилае шомили: Оташбас, ирсоли кӯмакҳои инсондӯстона, гуфтугӯи яманӣ - яманӣ ва ташкили давлати фарогир дар Яман аст. Ҷумҳурии исломии Эрон акнун низ омода аст бо тамоми тарафҳои манфиатдори муртабит дар як гуфтугӯи маънидор барои амалӣ кардани ин барномаи сулҳ мушорикат кунад.

Суханони Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори нахуствазири Покистон дар ҳамин росто сареҳ ва роҳкушо аст. Эрон бо ёдоварии ин нукта, ки Ҷумҳурии исломии Эрон аз муддатҳо қабл тарҳе чормоддаӣ бароит таваққуфи ҷанг дар Яман ироа кардааст, афзуданд: Агар ин  ҷанг ба навъи дурусте поён ёбад, метавонад таъсироти мусбате дар минтақа ба дунбол дошта бошад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин тасреҳ карданд: Мо ангезае барои душманӣ бо ин кишварҳо надорем, аммо онҳо таҳти иродаи Амрико ҳастанд ва дар ҷиҳати хости Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон амал мекунанд.

Ҳамон гуна, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Ҷумҳурии исломии Эрон оғозгари ҳеҷ ҷанге набудааст. Албатта агар касе шурӯъкунандаи ҷанг дар муқобили Эрон бошад, бидуни тардид пушаймон хоҳад шуд.

Возеҳ аст, ки сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон мубтанӣ бар дурӣ аз таниш ва даргирии низомӣ аст. Эрон мӯътақид аст, ки ҳалли мушкилоти минтақа ниёзманди гуфтугӯи тавъам бо ҳусни ният, амниятофаринӣ ва тавсиаи муносиботи минтақаӣ аст. Бар ҳамин асос, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ҳам дар конфронси хабарии муштарак бо нахуствазири Покистон, аз ҳамсӯии дидгоҳи ду тараф дар хусуси амнияти минтақа сухан гуфт ва таъкид кард, Теҳрон ва Исломобод калиди ҳаллу фасли масоили минтақаро поён ёфтани ҷанги Яман ва оташбаси фаврӣ медонанд. Нахуствазири Покистон дар ин замина тасреҳ кард: Оташбас дар Яман метавонад оғозе бар фароянди сулҳу танишзудоӣ дар минтақа ва гуфтугӯҳои дуҷониба ва чандҷониба шавад.