Октябр 16, 2019 16:50 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Посухи пушаймонкунандае ба авомили ҳамла ба киштии эронӣ хоҳем дод

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард, ҷумҳурии исломӣ ба авомили ҳамла ба киштии эронӣ дар баҳри Сурх, ки дар садади эҷоди мавҷи ҷадиде аз ташаннуҷофаринӣ дар минтақа ҳастанд, посухи пушаймонкунандае хоҳад дод.

Нафткаши эронии “Собити” (sabity) ҷумъаи гузашта аз макони наздик ба каридори убурии ин нафткаш аз шарқи баҳри Сурх, ду бор ва ба фосилаи ҳудуди ним соат мавриди ҳадаф қарор гирифт ва осеб дид.

Алии Шамхонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Александр Лаврентиев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия дар Теҳрон, бо ишора ба тарҳи мармузи Амрико барои эҳёи муҷаддади ДИИШ ва густариши ноамнӣ дар ғарби Осиё, бар лузуми ҳушёрӣ ва ҳамоҳангии кишварҳои минтақа барои муқобила бо иқдомоте, ки муҷиби бесуботӣ ва ноамнӣ мешавад, таъкид кард.

Шамхонӣ зимни мухолифат бо таҷовузи низомии Туркия ба Сурия изҳор дошт, ҳар гуна иқдоме, ки муҷиби ташдиди ноамнӣ ва афзоиши буҳрон дар минтақа шавад, бояд ба суръат мутаваққиф шавад.

Вай ҳар гуна таҷовуз ва таҳмили ҷанг ба кишварҳои минтақаро иқдоме дар ростои сиёсатҳои ноамнкунандаи Амрико ва режими саҳюнистӣ дар минтақа баршумурд ва изҳор дошт, мардуми ранҷдидаи кишварҳое, ки солҳо даргири ҷангу хунрезӣ будаанд, дигар таҳаммули пазириши буҳронҳои ҷадидро надоранд.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо баёни ин ки бархурди дугона бо терроризм аз сӯи ҳеҷ кишваре қобили қабул нест, гуфт, бояд ҳалли масъалаи Идлиб дар Сурия ба унвони яке аз авлавиятҳои мубориза бо терроризм дар дастури кор қарор гирад.

Александр Лаврентиев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия низ дар ин дидор бо ироаи гузорише аз таҳаввулоти сиёсӣ ва низомии шимоли Сурия гуфт, идомаи ҳамкории Теҳрон ва Маскав метавонад тазминкунандаи субот ва амнияти пойдор дар минтақа бошад.