Мушарраф шудани беш аз 3 миллион зоири эронӣ ба Карбало
Муовини ҳамоҳангкунандаи Неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, беш аз се миллион зоири эронӣ аз ибтидои моҳи сафар (30 сентябр) токунун озими Карбало дар Ироқ шудаанд.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадалии Нуринажод, муовини ҳамоҳангкунандаи Неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар боздид аз марзи Хусравӣ дар ғарби Эрон афзуд, аз ибтидои моҳи сафар токунун як миллиону 700 ҳазор нафар аз зоирони эронии ҳазрати имом Ҳусайн (а) низ пас аз касби тавфиқ зиёрат, ба кишвар бозгаштанд.
Марзҳои Хусравӣ, Меҳрон, Чазоба ва Шаламча масирҳои тараддуди зоирони Арбаини Ҳусайнӣ аз Эрон ба Ироқ аст.
Ҳамчунин аз ибтидои моҳи сафар токунун дастикам 170 ҳазор зоири хориҷӣ аз беш аз 90 кишвари ҷаҳон бо гузар аз марзҳои Эрон, озими Карбало шуданд.
20 сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ (19 октябри 2019), арбаъини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.
Шумори зиёде аз мусулмонон ва пайравони дигар адёни илоҳӣ, аз чандрӯз монда ба арбаъин шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), бо пиёдаравии масири ҳудуди 80 километрӣ аз шаҳри Наҷаф то Карбало худро ба марақади мутаҳҳари эшон дар Карбало мерасонанд.
Тибқи омори расмии манобеи ироқӣ, ҳудуди 14 миллион зоир аз ҷумла беш аз 2 миллион эронӣ, соли гузашта дар пиёдаравии Арбаъини Ҳусайнӣ(а), ки бузургтарин гирдиҳамоии солонаи мазҳабӣ дар ҷаҳон аст, ширкат карданд.
Баррасиҳои майдонӣ ва оморҳои расмии зоирони маросими Арбаини Ҳусайнӣ дар рӯзҳои ахир, баёнгари афзоиши бесобиқа нисбат ба соли гузаштааст.