Октябр 19, 2019 21:15 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии ҷомондагони Арбаини Ҳусайнӣ дар манотиқи мухталифи Эрон

Дилдодагони ҳазрати имом Ҳусайн (а) дар Эрон, ки натавонистанд имсол дар роҳпаймоии Арбаин дар Ироқ ширкат кунанд, имрӯз бо ҳузур дар маросими роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои мухталиф, ишқу иродати худро ба имоми шаҳидон иброз карданд.

Ба гузориши ИРНА, ба ҳамин муносибат роҳпаймоии “ҷомондагон”-и Арбаини Ҳусайнӣ дар масири 17 километрии майдони имом Ҳусайн (а) –и Теҳрон то ҳарами ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а) (аз наберагони имом Ҳасан (а)) дар шаҳри Рай (ҷануби Теҳрон) бо ҳузури дилдодагон ва ошиқони Ҳусайн баргузор шуд.

Маросими мушобеҳе дар шаҳрҳои зиёратии Машҳад ва Қум низ баргузор шуд ва ҷомондагони Арбаини Ҳусайнӣ пойи пиёда роҳии ҳарамҳои мутаҳҳари ҳазрати Ризо (а) ва ҳазрати Маъсума (с) шуданд.

Дар дигар манотиқи Эрони исломӣ низ муъминон то ҳарамҳои мутаҳҳари имомзодагон ва дигар маконҳои муқаддас роҳпаймоиҳои ҷамъӣ баргузор карданд.

 

Имрӯз, шанбеи 27 меҳр, баробар бо бистуми сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ (19 октябр 2019) Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) а ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.

Шумори зиёде аз мусулмонон ва пайравони адёни илоҳии дигар аз чанд рӯз монда ба арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), бо пиёдаравии масири ҳудуди 80 километрӣ аз шаҳри Наҷаф то Карбало, худро ба марқади мутаҳҳари эшон дар Карбалои Муъалло мерасонанд.