Алқабс: Фазои мусбате миёни Эрон ва Арабистон эҷод шудааст
(last modified Sun, 20 Oct 2019 16:17:00 GMT )
Октябр 20, 2019 21:17 Asia/Dushanbe
  • Алқабс: Фазои мусбате миёни Эрон ва Арабистон эҷод шудааст

Рӯзномаи кувейтии "Алқабс" дар гузорише аз таҳаввулоти ахир дар равобит миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ навишт, ки бо таваҷҷӯҳ ба изҳори тамоюли ду тараф, дар ҳоли ҳозир фазои мусбате миёни ду тараф эҷод шудааст.

Ин рӯзнома да арзёбии худ аз ин равобит навишт: Бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти Эрон ва Арабистон, имкони эҷоди фазои мусбати бештар миёни ду тараф ҳаст, аммо то кунун ҳеҷ нишонаи айнӣ дар ин бора дида нашудааст.

Алқабс изофа кард: Бархе манобеи мутталеъ мегӯянд, ки Эрон бояд ҳусни нияти худро бо иқдомоти қонеъкунанда барои кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс нишон диҳад, аммо то кунун бо вуҷуди фазои ором, чунин иқдоме сурат нагирифтааст.

Рӯзномаи кувейтӣ дар идома бо ишора ба бурӯзи бӯҳрон дар равобит миёни Арабистон ва Қатар дар тобистони соли 96 ва талошҳои нокоми давлати Кувейт барои рафъи ин ихтилоф, аз имкони азсаргирии миёнҷигарии Кувейт дар хусуси бӯҳрони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва ихтилофоти Арабистон ва Қатар хабар дод.