Октябр 21, 2019 16:56 Asia/Dushanbe
  • Чопи китоби сафари таърихии Раҳбари инқилоб ба Ҳинд

Сафари таърихии Раҳбари инқилоб ба Ҳинд китоб шуд.

Китоби “Сафири субҳ”, баргирифта аз дидори таърихии мақоми муаззами раҳбарӣ аз шибҳиқораи Ҳинд бо ҳамкории вобастагии фарҳангии Эрон дар Бомбаи чоп ва мунташир шуд.

Ба гузориши ИКНА, китоби “Сафири субҳ” ба қалами Сайид Алиризо Таботабоӣ, баргирифта аз дидори таърихии мақоми муаззами раҳбарӣ аз шибҳиқораи Ҳинд бо ҳамкорӣ, ҳимоят ва пуштибонии вобастагии фарҳангии Эрон дар Бомбаи чоп ва мунташир шуд.

Ин китоб ба воковии дидори таърихии раҳбарӣ ихтисос дорад ва ба забони форсӣ ва дорои ду фасл бо ановини ривояти дидор ва таҳлили сиёсӣ ва фарҳангӣ аст. Дар муқаддимаи китоб омадааст: “Чеҳраи воқеии дини мубини Ислом ва симои дурахшони инқилоби исломии Эрон ба фаросӯи марзҳо яке аз боистаҳои низоми муқаддаси исломӣ буда ва ҳаст. Ин амр аз рӯзҳои нахустини инқилоби исломӣ аз сӯи бунёнгузори кабири инқилоби исломӣ - ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) мавриди эҳтимом қарор гирифт ва бо таассӣ (пайравӣ) аз паёмбари аъзам (с) ҳайатҳои гуногуне ба шарқу ғарби дунё эъзом шуданд.

Дар идома, бо ишора ба сафари таърихӣ ва муҳими Раҳбари олиқадри инқилоби исломӣ таъкид шудааст: “Дидори таърихии муаззамуллаҳ аз шибҳиқора аз мондагортарин сафарҳои хориҷии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аст ва аз ҷиҳоти гуногун мунҳасир ба фард арзёбӣ мешавад ва дастовардҳои бобаракате барои ҷумҳурии исломӣ ва дунёи Ислом ба армуғон овардааст”.

 

Барчасп