Октябр 22, 2019 11:35 Asia/Dushanbe
  • Эътои Найти академики Фаронса ба устоди эронӣ

Медали Найти академики Фаронса ба устоди донишкадаи муҳандисии саноати Донишгоҳи Теҳрон эъто шуд.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ризо Таваккулимуқаддам устоди  донишкадаи муҳандисии саноати Пардис донишкадаи технологии Донишгоҳи Теҳрон ва узви вобастаи Фарҳангистони улум, нишони Нахли академики Фаронсаро дарёфт кард.

Нишони Нахли академики Фаронса нахустин бор дар соли 1808 тавассути Напелеон Бенапарт ба унвони медали ифтихор ба ашхоси барҷастаи Донишгоҳи Париж эҳдо шуд ва аз соли 1866 ба ашхоси ғайрифаронсавие, ки дар густариши иртиботи илмӣ байни кишвари худ ва Фаронса иқдомоти асосӣ ба анҷом расонда буданд низ эъто мешавад.

Дар чаҳоруми октябри 1955 ба дастури Рене Жюл Густав Кути раиси ҷумҳури вақти Фаронса тағйироте дар раванди эҳдои медал сурат гирифт ва интихоби ашхос ба Вазорати улуми ин кишвар супорида шуд.

Барчасп