Октябр 25, 2019 17:57 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрону Покистон барои тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит мусаммаманд

Раисҷумҳури Эрон дар дидор бо ҳамтои покистонии худ дар Боку гуфт, Эрону Покистон барои тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит мусаммаманд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ин дидор афзуд, Эрон тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистонро бавижа дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар авлавияти сиёсатҳои худ қарор додааст. Ӯ ҳамчнин бо баёни ин ки ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо терроризм аз аҳамияти зиёде бархурдор аст, аз талошҳои Покистон барои эҷоди субот дар минтақа ва истиқрори амният дар марзҳои муштарак қадрдонӣ кард. Ориф Алавӣ, раисҷумҳури Покистон низ дар ин дидор равобити Теҳрону Исломободро дерина ва мустаҳкам хонд ва бо ишора ба зарфиятҳои густардаи ду кишвар дар ҳавзаи тиҷорат ва табодули коло гуфт, ҳаҷми кунунии равобити тиҷории Покистону Эрон бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои густардаи мавҷуд бояд беш аз пеш афзоиш ёбад.

Ориф Алавӣ бо ҳимоят аз БарҶОМ ва ибрози таассуф аз хурӯҷи Амрико аз ин тавофуқ гуфт, ин иқдоми Амрико боиси нигарониҳое дар арса ҷаҳонӣ шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ барои ширкат ва суханронӣ дар ҳаждаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд ва дидор бо мақомҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин кишвар сафар кардааст.

 

Барчасп