Октябр 25, 2019 18:47 Asia/Dushanbe
  • Равобити тиҷорию иқтисодии Эрону Узбакистон тавсеа меёбад

Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар дидори сафири Узбакистон дар Теҳрон бо ишора ба тасҳили шароити тиҷорати миёни ду кишвар дар солҳои ахир гуфт, зарфиятҳои болое барои тавсеаи муносиботи Эрону Узбакистон вуҷуд доранд, ки бояд мавриди истифода қарор гиранд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Ризо Раҳмонӣ, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар дидор бо Баҳодур Абдуллоев, сафири Узбакистон дар Теҳрон гуфт, бояд бо эъзоми ҳайатҳои иқтисодии эронӣ ва пазириши ҳайатҳои узбакистонӣ равобити иқтисодии ду тараф тақвият шавад. Раҳмонӣ ҳамчунин бар ҳамкорӣ ва таомули бештари бахши хусусии ду кишвар ба унвони бозуи тавонманди иқтисодии давлатҳо таъкид ва тасреҳ кард, афзоиши сатҳи мубодилот ва тавсеаи муносиботи иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя аз авлавиятҳои аслии Эрон аст ва барои таҳаққуқи ин ҳадаф бояд зарфиятҳо ва тавонмандиҳо ба дурустӣ шинохта ва муаррифӣ шавад.

Нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Узбакистон дар декабри соли ҷорӣ бо раёсати вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор хоҳад шуд ва асноди ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо хоҳад расид. Ҳамчунин ҳамоиши фурсатҳои тиҷории ду кишвар бо ҳузури туҷҷори бахши хусусии Эрону Узбакистон дар ҳошияи баргузории нишасти Комиссияи муштарак дар Узбакистон баргузор мешавад.