Рӯҳонӣ: Ҷангафрӯзиҳои Амрико оташи терроризмро барафрӯхтааст
(last modified 2019-10-25T14:26:02+00:00 )
Октябр 25, 2019 19:26 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҷангафрӯзиҳои Амрико оташи терроризмро барафрӯхтааст

Раисҷумҳури Эрон дар суханронии худ дар иҷлоси сарони кишварҳои ғайримуттааҳҳид сиёсатҳои якҷонбагароёнаи Амрикоро омили асосии бурузи терроризм дар манотиқи мухталифи ҷаҳон донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳаждаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷунбиши Ғайримуттааҳҳидҳо дар рӯзи ҷумъа дар Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, ҷангафрӯзиҳои Амрико миллиардҳо доллар ҳазина барои дигар кишварҳо ба дунбол дошта ва боиси реша гирифтани фитнаҳо ва терроризм шудааст. Раисҷумҳури Эрон афзуд, Ҷунбиши Ғайримуттааҳҳидҳо ба пуштувонаи ҷамъияти фаровон ва қаламрави васеъ ва бо таваҷҷуҳ ба орои худ дар маҷомеи байналмилалӣ ба роҳатӣ метавонад қутби ҷадиде аз қудратро дар ҷаҳон эҷод кунад. Рӯҳонӣ ҳамчунин дар бораи нооромиҳои ахири минтақа гуфт, танҳо роҳи бурунрафт аз ин буҳронҳо эҳтиром ба ҳаққи миллатҳо дар таъйини сарнавишти хеш, тааҳҳуд ба адами мудохила дар умури дохилии якдигар ва эҷоди бистари муносиб барои таомулу гуфтугӯ аст. Рӯҳонӣ дар хусуси таъмини амнияти минтақа низ гуфт, Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тарҳи «Иқдоми сулҳи Ҳурмуз» барои сулҳ ва суботи минтақаро ироа кард, ки ҳадафи ин тарҳ иртиқои сулҳ, субот, пешрафт ва эҷоди тафоҳуми мутақобил ва равобити сулҳомезу дӯстонаи миёни кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз аст. Рӯҳонӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақид аст, суботу амнияти ҳамсоягон субот ва амнияти ҷаҳон аст ва дастёбӣ ба амният ва тавсеаи минтақаӣ фақат аз тариқи ҳамкорию мушорикати ҷамъии ҳамсоягон имконпазир хоҳад буд.

Раисҷумҳури Эрон барои ширкат ва суханронӣ дар ҳаждаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷунбиши Ғайрмуттааҳҳидҳо ва дидор бо мақомҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ва бархе кишварҳои ҳозир дар ин иҷлос ба Боку сафар кардааст.

 

Барчасп