Октябр 25, 2019 19:40 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти мутахассисони эронӣ дар ҳаффории тӯлонитарин нақби обрасон дар Шриланка

Мутахассисони эронӣ муваффақ шуданд, мароҳили сохти як нақби тӯлонии обрасони чандманзураро дар Шриланка ба тӯли 15 290 метр анҷом диҳанд.

Мутахассисони эронӣ чанде пеш муваффақ шуданд, дар як рақобати ҷаҳонӣ қарордоди ҳаффории нақби обрасони чандманзураи «Ума оя» дар кишвари Шриланкаро ба даст оваранд. Пуштун Аҳмад Дизфули, мудири ин лоиҳа гуфт, кори ҳаффории ин нақби тӯлонии обрасон бо ду дастгоҳи ҳаффории TBM, яке дар бахши вурудӣ ва дигаре аз бахши хурӯҷӣ анҷом шуд ва бо ба ҳам расидани ин ду дастгоҳ кори ҳаффорӣ ба поён расид. Ӯ афзуд, ин нақб аз нақбҳои тӯлонии ангуштшумор барои интиқоли об дар ҷаҳон аст, ки ҳеҷ гуна дастрасии миёнӣ барои нақшабардории он вуҷуд надоштааст.

Ин лоиҳа дар ҷанубу шарқи Шриланка, дар фосилаи 200-километрии пойтахти ин кишвар воқеъ шудааст ва шомили ду сад, нерӯгоҳ обии 20-мегаваттӣ буда, 25 километри он барои интиқоли об аст.

Пештар Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон аз талош барои судури хадамоти фаннию муҳандисии Эрон ба ақсои нуқоти ҷаҳон хабар дода буд.

 

Барчасп