Октябр 25, 2019 19:53 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Миллатҳои Эрону Венесуэла бо муқовимати худ дарси бузурге ба Амрико доданд

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки миллатҳои Эрону Венесуэла бо муқовимати худ дарси бузурге ба Амрико доданд, гуфт, Теҳрон омодаи густариши равобити худ бо Венесуэла ба унвони як кишвари дӯст ва бародар дар ҳама арсаҳост.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар дидори Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла дар ҳошияи иҷлоси сарони ғайримуттааҳҳидҳо дар Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, Эрону Венесуэла дар ҳамаи Маҷомеи байналмилалӣ ва сиёсӣ пуштибони якдигар буда ва боқӣ хоҳанд монд.

Рӯҳонӣ аз омодагии Эрон барои тақвияти ҳамкориҳои молӣ, бонкӣ ва интиқоли таҷрибиёт дар ҳавзаҳои фаннӣ ва зерсохтҳои кибернетикӣ, фанновариҳои навин ва ҳамчунин кишоварзӣ ба Венесуэла хабар дод.

Раисҷумҳури Эрон бо баёни ин ки миллатҳои Эрону Венесуэла бо истодагӣ дар баробари тарҳҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико ин кишварро ночор ба ақибнишинӣ ва пазириши шикаст карданд, афзуд, амрикоиҳо дар пешбурди ҳеҷ нақшае дар минтақаи ғарби Осиё, аз Ироқу Сурия то Фаластин, Афғонистон ва Яман натавонистанд ба муваффақияте даст ёбанд.

Рӯҳонӣ бо ишора ба мусбат будани умдаи шохисҳои иқтисодии Эрон дар моҳҳои гузашта таъкид кард, ин нишон медиҳад, ки нақшаҳои истикбору Амрико ва фишорҳои иқтисодии онҳо бенатиҷа ва ноком будааст.

Николас Мадуро низ дар ин дидор хоҳони густариши беш аз пеши равобити ду кишвар дар ҳамаи ҳавзаҳо шуд ва гуфт, Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ҳама роҳкор ва заминаҳои ҳамкориро омода карда, ки бояд барои иҷроӣ шудани онҳо сареътар иқдом шавад. Раисҷумҳури Венесуэла бо баёни ин ки дар Амрико, мутаассифона, ҷангталабтарин ва ифротитарин гурӯҳ қудратро ба даст гирифтааст, гуфт, акнун ҳамаи кишварҳои мустақил алайҳи рафторҳои ифротӣ ва террористии Амрико ҷабҳаи васееро ташкил додаанд ва ин бисёр арзишманд аст.

 

Барчасп