БАРҶОМ;гоми чаҳоруми Эрон иҷроӣ мешавад?
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар остонаи поён ёфтани муҳлати 60 рӯзаи гоми севвуми Эрон ба аврупоиҳо ҳушдор дод агар манофеи Эрон дар БАРҶОМ таъмин нашавад, гоми чаҳорум иҷроӣ мешавад.
Саидаббоси Ироқчӣ рӯзи панҷшанбе пас аз ройзанӣ бо Сергей Риябков муовини вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав бо интиқод аз нотавонии Аврупо дар амал ба тааҳудҳои барҷомии худ, таъкид кард, агар хостаҳои Эрон амалӣ нашавад Ҷумҳурии исломии Эрон ба коҳиши тааҳудҳои барҷомии худ идома хоҳад дод.
Эрон ҳамзамон бо як солагии хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ (ҳаштуми моҳи майи 2019) ва пас аз ин ки Аврупо натавонист бидуни Амрико манофеи Эронро таъмин кунад ба мурур ва ба фосилаи ҳар ду моҳ гомҳои коҳиши таааҳудҳои барҷомии худро бардоштааст.
Эрон бо руҷуъ ба бандҳои 26 ва 36 БАРҶОМ, гомҳои коҳишии тааҳудҳои барҷомии худро шуруъ кард ва то кунун се гом бардоштааст.
Гоми севвуми Эрон сентябри 2019 бардошта шуд ва дар ин чорчуб ҳамаи маҳдудиятҳо дар заминаи таҳқиқ ва тавсеаи ҳастаӣ канор гузошта шудааст. Гоми севвум рӯзҳои поёнии худро сипарӣ мекунад ва 6 ноябри 2019 замони шуруи гоми чаҳоруми Эрон аст.
Сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи коҳиши тааҳудҳои барҷомӣ нишон дод, Теҳрон ҳеҷ тардиде дар амалӣ кардани иродаи худ надорад ва агар то чанд рӯзи оянда ҳам тарафҳои дигари БАРҶОМ иқдоми амалӣ иттихоз накунанд гоми чаҳоруми Эрон, ки дар ҳоли тадвин ва баррасӣ аст иҷроӣ хоҳад шуд.
Дар ҳамин замина Саидаббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон душанбеи гузашта дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорон эълом кард, гоми чаҳорум тарроҳӣ шуда ва мавориде дар ҳоли ҷамъ бандӣ аст умед меравад кор ба гоми чаҳорум накашад ва тааҳудҳои Аврупо иҷроӣ шавад.
Агар чи Эрон ҳамзамон бо иҷрои иродаи худ дар коҳиши тааҳудҳои барҷомӣ ба депломасӣ ҳам фурсат додааст, то буҳрони кунунии БАРҶОМ муртафаъ шавад, аммо то кунун ба сабаби таъсирпазирии аврупоиҳо аз Амрико ҳеҷ як аз тааҳудҳои онон амалӣ нашудааст.
Бо идомаи руйкарди кунунии Аврупо, масири депломасӣ ҳам кумаке ба хуруҷи БАРҶОМ аз бунбаст намекунад ва дар чунин шароите амалан интавр ба назар мерасад, ки аврупоиҳо бо сиёсати Амрико дар баробари Эрон ҳамсӯ шудаанд.
Бақои БАРҶОМ фақат дар гарави талоши содиқонаи аврупоиҳо ва истиқлоли онон аст, ки хориҷ аз иродаи Амрико тавофуқе, ро ки натиҷаи депломасии ҷаҳонӣ аст зинда нигаҳ доранд.
Ҳимояти сирфан сиёсии аврупоиҳо аз БАРҶОМ кумаке ба вазъияти мавҷуд намекунад ва фақат иқдомоти амалии тарафи аврупоӣ Эронро водор мекунад гоми чаҳорум бар надорад ва дар ғайри ин сурат 12 рӯзи дигар Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ҷузъиёти ин гомро эълом хоҳад кард.