Октябр 26, 2019 21:10 Asia/Dushanbe

Фардо 28 сафар солрӯзи реҳлати охирин фиристодаи Худо ва бунёнгузори ҳукумати исломӣ - ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати ҷонгудози набераи гиромиаш имом Ҳасани Муҷтабо (а) аст.

Рӯзҳои поёнии моҳи сафар дар тақвими исломӣ рӯзҳои бисёр ғамбор ва ёдовари реҳлат ва шаҳодати беҳтарин инсонҳо ва махлуқоти илоҳӣ аст.

Дар ин айём дунёи Ислом ғарқ дар мотаму азо дар сӯги расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва фарзандонаш, маҷлиси азо ба по кардаанд.

Охирин пайғамбари илоҳӣ - ашрафи махлуқоти олам, ҳазрати Муҳаммад бин Абдуллоҳ (с) пас аз 23 сол даъват ва муҷоҳидат ва иблоғи паёми илоҳӣ ва пас аз фарозу нишебҳои фаровон дар роҳи анҷоми рисолати бузурги хеш, саранҷом дар соли 11 ҳиҷрӣ дар рӯзи 28 моҳи сафар бино ба ривояти уламои шиа ва 12 рабеулаввал бино ба қавли аксари уламои аҳли суннат, дар синни 63 солагӣ, пас аз 14 рӯзи беморӣ ва касолат дори фониро видоъ гуфт.

Зиндагии паёмбари гиромии Ислом бозтобе аз тасвири зуҳури паёмбари илоҳӣ ва саргузашти шахсияте аст, ки бо пушти сар ниҳодани душвориҳои бисёр, бе ҳеҷ хастагӣ ва ноумедӣ ба ислоҳи ҷомеа даст зад ва тавонист диёнате бунёд кунад, ки инак яке аз муҳимтарин адёни ҷаҳон ба шумор меравад.

Фардо ҳамчунин ба сӯги имоме менишинем, ки бозуи тавонои Ислом ва карими аҳли байт буд, аммо бо найранги мунофиқон ба дасти ҳамсари фиребхурдааш масмум шуд ва мазлумона ба шаҳодат расид.

Имом Ҳасани Муҷтабо (алайҳиссалом), фарзанди аршади ҳазрати Алӣ (алайҳиссалом) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) ва нахустин набераи расули гиромии Ислом - ҳазрати Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аст.

Эшон пас аз шаҳодати падари бузургворашон – амири муъминон Алӣ (а) муддати 10 сол раҳбарии уммати ҷаддашро бар ӯҳда гирифт ва дар ин 10 сол аз ҳеҷ муҷоҳидате фурӯгузор накард.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ин рӯзи ғамборро ба ҳамаи пайравони ростини охирин паёмбар (с) ва ҳамаи ҳақиқатҷӯёни ҷаҳон таслият мегӯяд.