10 эронӣ номзади дарёфти бузургтарин ҷоизаи адабиёти кӯдак ва навҷавони ҷаҳон
(last modified Sun, 27 Oct 2019 12:17:33 GMT )
Октябр 27, 2019 17:17 Asia/Dushanbe
  • 10 эронӣ номзади дарёфти бузургтарин ҷоизаи адабиёти кӯдак ва навҷавони ҷаҳон

Ҳайати доварони ҷоизаи Астрид Линдгрен, бузургтарин ҷоизаи китоби кӯдак ва навҷавони ҷаҳон, номи 10 намояндаи Ҷумҳурии исломии Эронро ба унвони номзадҳои соли 2020 барои дарёфти ин ҷоиза муаррифӣ карданд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, сайти расмиии ҷоизаи Астрид Линдгрен 237 намоянда аз 68 кишвари ҷаҳонро барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Астрид Линдгрен дар соли 2020 интихоб карданд.

Сайти расмии ҷоизаи Астрид Линдгрен эълом кард: Ин феҳрист барои ҳамаи алоқамандон ба адабиёти кӯдак ва навҷавон листи тиллоӣ ба шумор меравад.

Астрид Линдгрен нависандаи маҳбуби кӯдакони шведӣ ва аз пуртарафдортарин нависандагони ҷаҳон аст.

Ӯ дар соли 2002 дар синни 92-солагӣ даргузашт. Давлати Шветсия дар бузургдошти номи ӯ ва бо ҳадафи тарвиҷи адабиёти ноби кӯдакон ва навҷавонони ҷаҳон, аз соли 2002 ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ӯ бунён ниҳодааст.

Ҷоизаи нақдии Астрид Линдгрен ба маблағи 5 миллион кронаи шведӣ, тақрибан баробар бо 800 ҳазор доллар, бузургтарин ҷоизаи адабиёти кӯдак ва навҷавонон ва дуввумин ҷоизаи бузурги адабиёт дар ҷаҳон аст.