Зариф: Эрон ба хости Димишқ дар Сурия мемонад
(last modified Wed, 30 Oct 2019 05:26:56 GMT )
Октябр 30, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон ба хости Димишқ дар Сурия мемонад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Теҳрон ва Маскав то замоне ки давлат ва мардуми Сурия бихоҳанд ҳузури худро дар ин кишвар ҳифз хоҳанд кард.

Ба нақл аз ИРНО, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон сешанбе шаб дар нишасти хабарии муштарак бо Мавлуд Човуш Уғлу вазири умури хориҷаи Туркия ва Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия дар Женева афзуд, Русия ва Эрон ба даъвати давлати Димишқ дар хоки Сурия ҳузур доранд.

Зариф дар бораи ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия ба баҳонаи ҳифозат аз майдонҳои нафтӣ ба таври кинояомез гуфт, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ҳади ақал нисбат ба ҳадафҳои кишвараш содиқ аст.

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия низ бо таъкид бар ҳалли сиёсии буҳрони Сурия гуфт, ташкили Кумитаи Қонуни асосии нави Сурия пирӯзӣ ва дастоварде бузург барои миллати ин кишвар аст.

Мавлуд Човуш Уғлу вазири умури хориҷаи Туркия ҳам бар тааҳуди Анкара ба ҳифзи якпорчагӣ ва ҳокимияти арзии Сурия ва бозгашти оворагони сурӣ таъкид кард.

Нахустин ҷаласаи Кумитаи Қонуни асосии Сурия имрӯз дар шаҳри Женева-и Швейтсария баргузор хоҳад шуд.