Октябр 31, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳодисаи оташсӯзии қатори мусофирбарӣ дар Покистонро таслият гуфт

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёме, ҳодисаи оташсӯзии қатори мусофирбарӣ дар Покистон, кушта ва маҷрӯҳ шудани беш аз 100 нафарро дар ин ҳодиса таслият гуфт.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон, Саидаббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, ҳодисаи ногувори оташсӯзӣ дар қатори мусофирбарӣ дар Покистонро ба давлат ва мардуми Покистон ва хонаводаҳои доғдори ин ҳодиса таслият гуфт.

Мусавӣ дар ин паём барои маҷрӯҳони ин ҳодиса шифои оҷил орзӯ кард.

Қатори мусофирбарӣ, ки бомдоди имрӯз (панҷшанбе) аз шаҳри Карочӣ озими Лоҳур буд, дар наздикии шаҳри Раҳим Ёрхон (Rahim Yarkhan) воқеъ дар иёлати Панҷоб бар асари инфиҷори газ дучори оташсӯзӣ шуд, ки дар ин ҳодиса дастикам 65 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

 

Барчасп