Таъкиди Ҷаҳонгирӣ бар муқобила бо якҷонибагароии Амрико
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, бо тавонманд кардани созмонҳои минтақаӣ метавон бо якҷонбагароии Амрико муқобила кард.
Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар фурудгоҳи Тошканд дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, ҳалли масоили байналмилалӣ ва мудирияти ҷаҳонӣ аз тариқи чандҷонибагароӣ мумкин аст. Вай дар бораи сафари худ ба Тошканд барои ширкат дар ҳаждаҳумин иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой изҳор кард, Созмони Ҳамкории Шонгҳой аз зарфияти бисёр бузурге барои ҳамкории иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ бархурдор аст ва кишварҳои узви ин созмон метавонанд бо иттико ба ин зарфиятҳо ҳамкории худро густариш диҳанд. Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, Теҳрон барои узвияти доим дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой тамоил дорад.
Ҷаҳонгирӣ, ки барои ширкат дар ҳаждаҳумин иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Узбакистон ба Тошканд сафар карда, қарор аст, илова бар суханронӣ дар ин иҷлос бо бархе ҳамтоёни худ низ дидор кунад. Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин қарор аст, дар ин сафар аз бархе марокизи таърихии шаҳри Самарқанд боздид кунад.
Созмони ҳамкории Шонгҳой созмони миёнидавлатӣ аст, ки дар соли 2001 аз сӯйи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд ва дар соли 2017 Ҳинду Покистон низ ба ин созмон пайвастанд. Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Белорус аъзои нозири Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳастанд.