Ноябр 03, 2019 13:47 Asia/Dushanbe
  • Дидори хонандагони мактаб ва донишҷӯён бо раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ

Дар остонаи 13 обон (4 октябр) Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ ва рӯзи донишомӯз ҳазор нафар аз хонандагони мактаб ва донишҷӯён субҳи имрӯз (якшанбе) бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Сездаҳуми обони 1398 ҳииҷрии шамсӣ (чаҳоруми ноябри 2019) Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Эрон аст.

Чиҳил сол пеш дар чунин рӯзе донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои мутааддиди Амрико зидди инқилоби исломии Эрон лонаи ҷосӯсӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.