Ноябр 03, 2019 15:13 Asia/Dushanbe
  • Рунамоии Эрон аз чаҳор фаровардаи Пробиютики насли нав

Чаҳор фаровардаи Пробиютики насли нав бо ҳузури Сурно Сатторӣ муовини илмӣ ва технологии раёсати ҷумҳурии исломии Эрон рунамоӣ шуд.

Ба гузориши ИРНО, ФамиЛакс 2плос, Пойлушот, Локтугом ва ЖериЛакт чаҳор фаровардаи Пробиютики доруии Эрон ҳастанд, ки имрӯз якшанбе дар Теҳрон рунамоӣ шуд.

Пробиютикҳои насли нав селулҳое ҳастанд, ки қобилияти иттисол ба селулҳои хосе аз баданро доранд.

Пробиютикҳо барои саломати системаи бадан мавриди истифода қарор мегиранд; аз ин фаровардаҳо метавон барои бемориҳои марбут ба дастгоҳи гувориш, мухоти даҳон, дастгоҳи танаффуси фавқонӣ, захми меъда дар бузургсолон ва кудакон истифода кард.

Дастовардҳои пизишкӣ ва доруии Эрон дар ҳолест, ки Амрико пас аз хуруҷ аз БАРҶОМ дар 8 майи 2018 таҳримҳои доруии зидии миллати Эрон иҷроӣ кардааст.