Баёнияи артиши Эрон ба муносибати 13 обон
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар баёнияе зимни гиромидошти явмуллоҳ 13 обон, Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ, омодагии худро барои рӯёрӯӣ бо истикбор дар тамоми арсаҳои дифоъ аз инқилоб ва низом эълом кард.
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин баёния таъкид кард: Миллати Эрон бо тасхири лонаи ҷосусии Амрико дар Теҳрон, дар рӯзи 13-уми обони соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ собит кард, дар мубориза бо истикбор азме ҷиддӣ дорад ва мӯътақид аст, ки истикборситезӣ бо фалсафаи инқилоби исломӣ пайванде ногусастанӣ дорад.
Дар баёнияи артиши Эрон омадааст: Имрӯз фитнаангезии Амрико дар бархе аз кишварҳои минақа, аз ҷумла Лубнон ва Ироқ дар эҷоди ошӯб ва даргирӣ зарурати тасхири лонаи ҷосусии Амрикоро ёдоварӣ мекунад, ки ҳар ҷо Амрико ҳузур дошта бошад, тафриқа ва иғтишош ҳам вуҷуд хоҳад дошт.
Фардо душанбе, 13-уми обони соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ (4-уми ноябри 2019) Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст.
40 сол пеш дар чунин рӯзе (13-уми обони соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ - 4 ноябри 2079) донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтиаҳои мутааддиди Амрико зидди инқилоби исломии Эрон, лонаи ҷосусиӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.