Ноябр 04, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ашхоси ношинос ба консулгарии Эрон дар Карбало

Шабакаи Алъолам якшанбе шаб аз таарруз ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Карбало маркази Ироқ хабар дод.

Ба нақл аз шабакаи Алъолам, гуруҳе дар эътироз ба вазъияти нобасомони иқтисодӣ дар Ироқ ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Карбало ҳамла кардаанд.

Манобеи ироқӣ эълом карданд, чаҳор гурдон аз нерӯҳои амниятии ироқӣ барои муқобила бо ин ашхос дар атрофи консулгарии Эрон дар Карбало мустақар шудаанд.

Муҳоҷимони ношинос дар чанд рӯзи ахир борҳо ба нерӯҳои амниятӣ ва ҳамчунин марокизи давлатӣ дар шаҳрҳои мухталифи Ироқ низ ҳамла кардаанд.

Мақомоти ироқӣ эълом кардаанд ин ҳамалот бо ҳадафи эҷоди фитна сурат мегирад.

Пештар низ бархе аз мақомоти ироқӣ дар хусуси талошҳои дастҳои пушти парда барои барҳам задани равобити дӯстона ва роҳбурдии Эрон ва Ироқ, ки беш аз ҳар чизе дар мубориза бо гуруҳи террористии ДИИШ таҷаллӣ пайдо кард ҳушдор дода буданд.

Бархе аз шаҳрҳои Ироқ аз ҷумла Карбало дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди баргузории тазоҳурот дар эътироз ба вазъияти номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ ҳастанд, аммо ин эътирозҳо дар рӯзҳои ахир ба самти хушунат рафта ва даҳҳо кушта ва захмӣ доштааст.

Тазоҳурот дар Ироқ дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки давлати ин кишвар дар як моҳи гузашта чаҳор бастаи пешниҳодӣ бо меҳварияти таъмини мутолибаҳои муътаризон ироа кардааст.

Шавоҳид нишон медиҳад тазоҳурот дар Ироқ худҷуш набуда ва бегонагон дар шаклгирии он нақш доштаанд.

Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ахиран эълом кард, давлати Амрико ва режими саҳюнистӣ ба иллати норизоятӣ аз сиёсатҳои Бағдод дар нооромиҳои ахири Ироқ даст доранд.

Раиси полиси вилояти Басраи Ироқ ҳам тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ Арабистони саудӣ ва Иморот барои бар ҳам задани оромиш ва субот дар Ироқ талош мекунанд.

Барчасп