Ноябр 04, 2019 11:13 Asia/Dushanbe
  • Навохта шудани занги истикборситезӣ дар мактабҳои Эрони исломӣ

Занги исткборситезӣ субҳи имрӯз (душанбе) ҳамзамон бо 13 обон (4 ноябр) рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар мактабҳои саросари Эрон навохта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, донишомӯзони эронӣ дар ин маросими намодин бо шиорҳои зидди истикборӣ рӯзи 13 обонро гиромӣ доштанд.

Ҳамчунин маросими бошукуҳи Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ имрӯз дар саросари Эрон баргузор мешавад.

Имрӯз душанбе сездаҳуми обон (4 ноябри 2019) Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Чиҳил сол пеш дар чунин рӯзе (13 обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ чаҳоруми ноябри 1979) донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои Амрико алайҳи инқилоби исломии Эрон лонаи ҷосӯсӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.