Ноябр 04, 2019 14:29 Asia/Dushanbe
  • Танини фарёди зидди истикборӣ дар саросари Эрони исломӣ+видео

Маросими роҳпаймоии Рӯзи мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ ҳамзамон дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон бо ҳузури густардаи мардум, донишҷӯён ва масъулон баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ширкаткунандагон дар роҳпаймоии рӯзи 13 обон, бо сар додани шиорҳои марг бар Амрико ва марг бар Исроил хашму инзиҷори худро аз истикбори ҷаҳонӣ эълом карданд.

Ин роҳпаймоӣ ба сурати ҳамзамон дар Теҳрон ва ҳазор шаҳри дигари Эрон баргузор шуд.

Имрӯз душанбе сездаҳуми обон (4 ноябри 2019) Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Чиҳил сол пеш дар чунин рӯзе (13 обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ чаҳоруми ноябри 1979) донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои Амрико алайҳи инқилоби исломии Эрон лонаи ҷосӯсӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.

Беш аз ду ҳазору 500 акос, тасвирбардор ва хабарнигори эронӣ ва беш аз 150 хабарнигор ва акоси хориҷӣ маросими имсолро пушиш медиҳанд.