Ноябр 04, 2019 19:25 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти газдиҳии сентрифугаҳои пешрафтаи насли ҷадид дар муҷтамаи ғанисозии Натанз

Амалиёти газдиҳии мошинҳои сентрифугаҳои пешрафтаи насли ҷадиди IR-6 бо ҳузури раиси Созмони энержии атомии Эрон имрӯз дар муҷтамаи ғанисозии Натанз (маркази Эрон) оғоз шуд.

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон дар маросими роҳандозӣ ва рӯнамоии занҷираи 30-тоии сентрифугаи пешрафтаи насли ҷадиди IR-6 дар муҷтамаи ғанисозии Натанзи гуфт, ин сонтрифугаҳо 10 баробари сентрифугаҳои насли аввал метавонанд ғанисозии уранро анҷом диҳанд. Солеҳӣ бо баёни ин ки зарфияти ғанисозии Эрон ба ҳашт ҳазору 660 су расидааст, афзуд, тавлиди урани Эрон, ки қабл аз гоми сеюми коҳиши тааҳҳудоти барҷомӣ ҳудуди 450 грам дар рӯз буд, алъон ба беш аз 5 ҳазор грам дар рӯз расидааст.

Раиси Созмони энержии атомии Эрон бо баёни ин ки солҳои зиёде ғанисозии Эрон бо мошинҳои насли аввал IR-1 анҷом мешуд, тасреҳ кард, коре, ки имрӯз анҷом шуд, қарор буд, то чаҳори соли оянда иҷро шавад, аммо чолиши сиёсие, ки Ғарб барои Эрон эҷод кард, боис шуд, масъулини аршади низоми Эрон ин тасмимро бигиранд. Солеҳӣ таъкид кард, донишмандони ҳастаии Эрон ба пешрафтҳои худ идома медиҳанд.

Амрико 8-уми майи соли 2018 ба таври якҷониба аз тавофуқи ҳастаии Эрон бо кишварҳои 5+1, ки дар соли 2015 ба имзо расид, хориҷ шуд. Дар муқобили ин иқдом Эрон баъд аз як соли сабри роҳбурдӣ ва бароварда нашудани интизороташ то кунун се гоми коҳиши тааҳҳудот шомили боло бурдани дарсади ғанисозии уран аз 3.67 дарсад, афзоиши захираи урани ғанишуда ва таваққуфи тамоми тааҳҳудоташ дар ҳавзаи таҳқиқ ва тавсеа дар БарҶОМ-ро иҷроӣ кардааст.